Сайфуллоҳи Муллоҷон
махсус барои Asia-Plus

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКОН

Назаре ба рӯзгору осори мондагори Бобоҷон Ғафуров
Арбоби сиёсиву давлатӣ, таърихнигори бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар 10 соли роҳбарии кишвар хидмате кард, ки роҳбарони дигар дар солҳои тӯлонӣ анҷом дода натавонистанд.

Номи ӯ ва ҳукуматаш бо фасоду ришва олуда нашуд.

Чеҳраҳои дурахшони сиёсат ва илму адаб аз ҳамнишинону мушовирони беминнати ӯ будаанд.

Чун аз марзи Иттиҳоди Шӯравӣ берун мешуд, тоқии тоҷикиро ба сар мегузошт ва дар авҷи сиёсати миллизудоӣ ба решаву асолати худ меболид.

Даврони таҳсил

Бобоҷон Ғафуров cаду понздаҳ сол муқаддам, 31-уми декабри соли 1908 дар деҳаи Исфизори музофоти Хуҷанд дида бар ҷаҳон кушод. Ӯ аз хонаводаи Ғафур Сангин ном марде ҳунарманд, ки пешаи карбосбофӣ дошт, бархостааст. Дар парвариши фикрии ӯ нақши модараш Розия Озод, ки аз ҷумлаи занони муборизу фидокори он рӯзгор ба шумор мерафт, муассир буд. Ғафуров солҳои охири умри хеш дар қиссае бо номи «Маҳмуд» рӯзгори пур аз маҳрумияти наврасию ҷафои волидайн ва ҳамдеҳагону ҳамзамононашро то инқилоби болшевикӣ тасвир мекунад. Дар авҷи нокомиву ранҷҳои рӯзгор Бобоҷони даҳсола барои кам кардани бори ғаму фақри хонадон, дар истгоҳи роҳи оҳан шуғле пайдо мекунад, ки муҳити ин ҷо дар ташаккули андешаву ҷаҳонбинӣ ва таъини сарнавишти ӯ таъсири амиқ мегузорад.

Розия Озод
Модари Бобоҷон Ғафуров
Қиёми мардуми Хуҷанд дар соли 1916 пояҳои истеъморро ларзонда, саросари имперотурии Русияро фаро гирифт ва нақши муассире дар танвири афкори мардумону таҳаввулоти минтақа гузошт. Пас аз як сол ситамдидагону асирон ва маҳрумону мустамандон бар асари як қиёми умумӣ ба ҳукумати сесадсолаи дудмони Романовҳо хотима бахшида, дар шашяки рӯйи замин тарҳи нав андохтанд ва низоми куҳнаро барҳам ва тезнеше бар раги олам заданд. Инқилоб сарнавишти Бобоҷон ва ҳамзамонони ӯро ба наҳве, ки ҳаргиз шояд дар тасаввурашон намегунҷид, рақам зад.

Бобоҷон ибтидо аз модар хатту савод омӯхт, сипас дар мактаби Исфизор (1922-24) таҳсил карда, барои идомаи хониш ба мактаб-интернати деҳаи Хистеварз рафт. Бистсола буд (солҳои 1927-28), ки дар кумитаи ноҳиявии созмони ҷавонон (комсомол)-и Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

Аз рӯзноманигорӣ то ҳукуматдорӣ

Нахустин хабару мақолаҳои Бобоҷон Ғафуров (бо тахаллусҳои «Бобоҷони Чӯлоқ» ва «Бобоҷон Чӯлоқи Хуҷандӣ») дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» ва «Қизил Ӯзбекистон» ба нашр мерасанд. Ин замоне буд, ки болшевикони навдавлат дар ҷомеаи Шӯравӣ тарҳе бо номи «инқилоби фарҳангӣ» роҳандозӣ карданд. Мазмуни навиштаҳои Бобоҷон дар солҳои 1928-35 маҳкум кардани аъмоли ситамгарон, накӯҳиши сарватмандон, таваҷҷуҳ ба мактабу маориф ва илму фарҳанг мебошад.

Бобоҷон Ғафуров дар сафи иттиҳоди ҷавонони коммунист (комсомол) бахши ҷавонони ноҳияро роҳбарӣ мекард ва аз мубаллиғони ҷомеаи нав ба шумор мерафт. Пас аз хатми мактаби олии ҳуқуқи Самарқанд (1929) як сол дар вазифаи ёвари комиссари адлияи Тоҷикистон хидмат кард. Дар солҳои мудҳиши сиюм мубориза алайҳи сарватмандон ва дину ойини мардум яке аз барномаҳои ин ҳизб ба шумор мерафт. Бобоҷон Ғафуров низ ҳамсадо бо ин маром буд. Аз ҷумла, дар як мақолаи худ (рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ», шумораи №10, соли 1940) таҷлили иди мазҳабии мусулмонони тоҷик – Қурбонро реаксионӣ, расми куҳан ва барои замони нав нозарур шумурда, дар мақолаи дигар (рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ», шумораи №8-9, соли 1939) Исломро дини иртиҷоӣ меномад.

Набояд аз ҳадди инсоф гузашту ситоиши беҷову нораво кард. Чун Бобоҷон Ғафуров узви ҳизби коммунист буд ва нисбат ба ормону идеалҳои ин ҳизб, ки дастовардҳои инқилоби мардумии русро аз они худ карда, ҳамчунин аз авомили ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз (1918-1922) гаштаву ҳамаи мувофиқони пешин ва мухолифони навинро ба куштан дода ё табъид карда буд, самимона изҳори садоқат мекард.

Дар мақолаи «Мубориза алайҳи динро тақвият намоем» (маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон», соли 1939) Бобоҷон Ғафуров коммунистону дигар фаъолони давлатиро ба ҷабҳаи муттаҳиди зидди дин мефиристад. Нафрат ба намояндагони дин аз шохисаҳои дигари арбобони давлатии он замон ба шумор меравад, ки ӯ низ аз ин рӯйхат мустасно нест. Шоҳидони он рӯзгор борҳо гуфтаву навиштаанд, ки яке аз шартҳои бақои як хидматгузори давлатӣ дар он рӯзҳо ҳамин асл буда, ҳатто баъзе зиндаву эмин мондан аз маргро низ ҳамнавоӣ бо он донистааанд.
Бобоҷон Ғафуров ва дигар равшанфикрони аҳди Сталин ба сарнавишт тан дода, тамоми аъмоли ҳизби коммунист (ҳатто ҷиноятҳои он)-ро дуруст меангоштанд, чун чорае ҷуз ин надоштанд. Зеро сарнавишти фоҷиабори Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва ҳазорони дигар, ки қурбони террори сталинӣ гаштанд, ҳар лазҳа пеши назари ӯ ҷилвагар мешуд.
Соли 1930 Бобоҷон Ғафуров мудири шуъба, сипас ҷонишин ва саранҷом сардабири рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» таъин гардид. Соли 1936 ӯ мушовир ва сардори бахши матбуоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд. Муддате дар шаҳри Сталинобод (1938-40) аз фанни назарияи кори матбуот барои шунавандагони мактаби журналистӣ дарс гуфт.
Устод Ғафуров пешаи шарофатманди омӯзгориро ҳам таҷриба карда, нисбат ба шахсияти муаллим бо эҳтироми хосса менигарист. Бештари мутафаккирон ҳамвора калиди мушкилиҳоро дар ислоҳи мактабу маориф ҷустаанд. Зеро ислоҳи он дар кутоҳмуддат тамоми ҷомеаро ба салоҳ меорад. Бузургтарин ҳаракатҳои ислоҳхоҳонаи асри гузашта ва дунёи муосир аз ислоҳи мактаб оғоз шудаанд. Руҷӯъ кардан ба мактаб, сармоягузорӣ ба он ҳеч гоҳ бар абас нарафтааст.

Дониш пирояи сиёсат

Қадами устувори Бобоҷон Ғафуров дар ҷодаи илм ҳимояи рисолаи номзадӣ (11-уми апрели соли 1941) дар мавзӯи «Таърихи фирқаи исмоилия аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон» ба шумор мерафт. Пас аз ин фаъолияти илмии ӯ ҳамчун мудири бахши таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (солҳои 1942-48) бештар мешавад. Дар солҳои ҷанги ҷаҳонии дуюм дар шуъои ин шиор – «Ҳама барои ҷанг» нахустин осори ӯ ба таърихи муборизаи озодихоҳии мардумон бахшида шудааст.

Бобоҷон Ғафурови соҳибмақом донишмандону адибонро ташвиқ мекард, ки ба таърих рӯй оваранд, то мардумро руҳбаланду ба ҷабҳаи ҷанг бештар фаро хонанд. Чунончи устод Айнӣ дар номааш ба Муҳаммадҷон Раҳимӣ (23-юми апрели соли 1942) навишта, ки асари «Исёни Муқаннаъ»-ро бо пешниҳоди Ғафуров таълиф кардааст. Ғафуров ҳатто модари адибу адабдӯсти худ Розия Озодро низ ташвиқ мекунад, ки ашъори бештари ватандӯстона сарояд.

Дар рӯзҳое, ки оташи ҷанг то ҳошияи Маскав расиду сарнавишти буд ё набуди Шӯравӣ ҳал мешуд, Ғафуров дар як нигоштаи худ («Тоҷикистон ба ҷабҳа») дар рӯзномаи «Известия» (6.12.1941) корнамоии қаҳрамононаи тоҷикону тоҷикистониёро дар пешу пушти ҷабҳа қаламдод мекунад. Аммо дар ин давра рисолаи «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» аз таълифоти барҷаставу мондагори ӯст. Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сарвари ҷабҳаи идеологии ҷумҳурӣ, дар баробари таснифи мақолаву рисола, ҳамчунин бо суханрониҳои пурхурӯшу пурмуҳтавояш сомеъони хеш – мардуми кишварро ба ҳифзу посбонии Ватан ва ободию шукуфоии он даъват мекард.

Роҳбари фидокор

Солҳои 1946-56 даврони пурбории кору фаъолиятҳои Бобоҷон Ғафуров ба шумор меояд. Ӯ июни соли 1946 котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ё ба таъбири дигар роҳбари аввали Тоҷикистони Шӯравӣ таъин гардид. Даҳ соли роҳбарии ӯ дар садорати ҳукумати ҶШС Тоҷикистон тавъам бо таҳаввулоти муҳимме дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат ба шумор рафтааст.

Ҷалб кардани Бобоҷон Ғафуров ба ин мақом на як амри тасодуфе буд, дар ҳоле ки лаҳзаҳои душвору сарнавиштсози давраи барқарории сиёсию иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ пеши рӯ меистоданд. Наздик ба ду даҳа (1932-46) нақши тоҷикон дар умури сиёсии ҷумҳуриямон камрангу беасар буд. Табиист, ки он роҳбарони, ба истилоҳ, тирози аввали ғайритоҷик бо оммаи мардум иртиботи наздик надоштанд.

Бобоҷон Ғафуров аз батни ҷомеаи заҳматкаш бархоста, дар ҷараёни кораш дар симатҳои мухталиф тайи ин муддат қубҳу субҳи фазои сиёсию иқтисодии ҷумҳуриро ба хубӣ пай бурда буд. Авзои ҷомеа, ниёзҳои мардуми ҷумҳурӣ ва хостаҳои зиёиёну ормонҳои миллиро хуб дармеёфт. Яке аз сабабҳои муваффақ гаштани ӯ ба ҳайси роҳбари кишвар маҳз дар ҳамин эҳсосу отифаи наҷибаш нуҳуфта аст.
Бобоҷон Ғафуров бо Мирзо Турсунзода ва адибони дигари тоҷик
Дигар аз асрори комёбиҳои дурахшону беназири Бобоҷон Ғафуров дар ҷабҳаи роҳбарӣ он буд, ки ӯ ҷоннисорона саъй кард, то дар атрофаш гурӯҳи донишманду фарҳехтагони мумтози он рӯзро ҷамъ оварад. Дида мешавад, ки чеҳраҳои дурахшоне дар сиёсат ва илму адаби Тоҷикистони он айём – устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Султон Умаров, Турсун Ӯлҷабоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Назаршо Додхудоев, Александр Семёнов, Михаил Андреев, Иосиф Брагинский аз ҳамнишинон ва мушовирони беминнати ӯ будаанд.

Ба вижа, Бобоҷон Ғафуров нисбат ба шахсияти устод Айнӣ эҳтироми хос дошт ва ӯро мураббии худ медонист.
Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров
Профессор Усмонҷон Ғаффоров навиштааст: «Номи устод Садриддин Айниӣ барои Бобоҷон Ғафуров ҳамчун мураббӣ, омӯзгор, муаллим, тарбиятдиҳанда ва шахсияти барҷастаи халқ азизу муътабар буд. Устод барояш шахси олимартаба, соҳиби эътибору эҳтиром, соҳиби бартарӣ ва фазилати баландтарини маънавӣ, касе, ки ба рутбаҳои баланди номи фарҳангӣ расидааст, ба ҳисоб мерафт».
Корҳои шоиставу мондагори Ғафуров дар он солҳои роҳбари нахусти Тоҷикистон будан, дар раванди миллатсозии тоҷикон шоистаи ҳама гуна таҳсин аст. Ӯро, ки модараш – бонуи илму адаб парвариш карда буд, дар ҷодаи сиёсат низ пеш аз ҳама ривоҷи илму адабро меҳвари кор қарор дод. Бобоҷон ғайрату истеъдоди худро бештар сарфи корҳои сарнавиштсози бунёдӣ кард: бедориву огоҳии мардум, боло бурдани маърифату худшиносии миллӣ ва гузоштани таҳкурсии муҳками саноати муқтадир дар заминаи барқарору бунёд кардани шаҳрҳои азим...

Бо омадани Ғафуров ҳамчун садри кишвар, соли 1946 дар Тоҷикистон гурӯҳи эъзомии бостоншиносӣ бо роҳбарии донишманди шаҳири рус Александр Якубовский ба кор шурӯъ кард. Эъзомияе, ки дар таҳқиқи таърихи асримиёнагии тоҷик хидмати сазовор карда, ба чанд кашфиёти нодир даст ёфт.

Агарчи дар Тоҷикистон то он замон дари чанд институте боз буд, аммо ҳанӯз аз бозкушои ягон университет (донишгоҳ)-е хабар набуд, дар ҳоле ки ҳазорон сол пеш нахустин донишгоҳҳоро аҷдодони донишманди мо дар Самарқанду Бухорову Балху Ҳироту Нишопур... асос гузошта буданд. Мувофиқи меёърҳои он замон вуҷуд доштани университет нишоне аз рушди илми миллӣ ва омода намудани кадрҳои миллӣ бо тахассусҳои гуногунҷабҳа буд. Муҳтавои барномаи донишгоҳ аз дигар институтҳо бо универсалӣ будани худ тафовут дошт.
Бо талошҳои Бобоҷон Ғафуров соли 1948 Университети давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Ректори нахустини Донишгоҳ Зариф Раҷабов дар хотироти худ навиштааст, ки тамоми вазифаҳои душвору ба назар ҳалношуданиро роҳбари аввали ҷумҳурӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал мекард. Устод Садриддин Айнӣ таъсиси донишгоҳро рӯйдоди бузург дар таърихи миллати тоҷик шумурда, устодону донишҷӯёнро бо фиристодани барқияи шодбошӣ ба ин рӯз табрик гуфтанд.
Муҳаммад Осимӣ (аз чап) ва Бобоҷон Ғафуров (дар байн)
Боз як хидмати дигари Бобоҷон Ғафуров кӯшиши бедареғи ӯ барои таъсиси бузургтарин ниҳоди илмии кишвар – Академияи улуми Тоҷикистон буд. Дар номае, ки Ғафуров унвони ҳукумати марказии Шӯравӣ навишт, таъкид мешавад, ки пас аз таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон замина барои ташкили Академия дар ҷумҳурӣ фароҳам омадааст. Соли 1951 Академияи улуми Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дастоварди беназир дар ҳаёти фарҳангӣ буд.

Хидмати дигари Бобоҷон Ғафуров он буд, ки ӯ барои роҳбарии ин ниҳод бузургтарин шахсияти миллати тоҷик дар асри ХХ устод Садриддин Айниро интихоб кард. Бо ташкил ёфтани академия ҷустору пажӯҳишу бозёфту таҳлилу таснифу таълиф дар ҷавви илмии деринаи мо, ки то ҳадде рокид буд, аз нав ба хурӯш омад.

Дар ин росто маҳз аз ибтикорҳои шоёни Бобоҷон Ғафуров буд, ки дере нагузашта, дар Тоҷикистон Донишкадаи политехникӣ таъсис ёфт ва акнун 60 сол беш аст, ки барои соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ мутахассис омода мекунад. Ғафуров барои роҳбарии он номзадии Муҳаммад Осимӣ, яке аз чеҳраҳои намоёни илми тоҷикро пешниҳод кард. Донишкада дар шаклгирии улуми техникӣ дар Тоҷикистон нақши бориз гузошта, дар заминаи он чанд донишкадаи дигар арзи вуҷуд кард.

Шаҳрият – авҷи тамаддун

Дигар таҳаввулоти бузурги иҷтимоӣ раванди муҳоҷирати тоҷикони кӯҳистон дар даврони ҳукумати Бобоҷон Ғафуров буд. Муҳоҷират аслан аз тадобиру амалҳои Кремлин буд, ки пушти пардааш аҳдофи мушаххаси сиёсию иҷтимоии султаҷӯёни болшевик меистод, аммо дар ин росто роҳбари донишманду дурбини Тоҷикистон ройу тадбири воқеан сарварона намоиш медод ва маҳаки аслии кору ибтикораш авлавият додан ба манофеи миллии тоҷикон буд.

Ғафуров бар хилофи майли Кремлин, ки нақшаи муҳоҷиркунии бархе аз аҳолии қисмати аврупоии Шӯравиро ба Тоҷикистон барномаи амал карда буд, ба Кремлин тадбири дигареро қаноат дод: аз кӯҳистони пураҳолии камкифоят обод кардани водиҳои интизори сарсабзӣ. Кӯчонидани сокинони минтақаҳои кӯҳистонии Рашт, Ҳоит, Тавилдара, Сарихосор ва Ховалинг ба водиҳои Вахшу Кӯлоб аз як сӯ боиси сарсабзии рустову шаҳрҳои нав ва бартар аз ин, мояи рифоҳу осудагии рӯзгори кӯҳистониён дар ҷойгоҳҳои нав шуд ва аз сӯе ҳам дар ин муҳитҳои аз зиндагии нав нашъатгирифта як фазои маънавию фарҳангии тозаи миллии тоҷикӣ ба вуҷуд омад.
Аҳаммияти ин тадбири миллӣ акнун дар шароити имрӯза, дар фазои мураффаҳу озоди истиқлоли миллӣ нурафшон аст. Ба таври намуна дар Кӯлобе, ки солҳои 20-уми асри гузашта нахустин мактабҳо бо забони ӯзбекӣ таъсис меёфт (нигаред: Ғолиб Ғоибов «Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз»), саранҷом солҳои 70-80-уми асри гузашта рӯҳияи миллии тоҷикӣ комилан боз гашту побарҷой шуд. Зимнан дар ҳамон давраи бедорӣ, ки сиёсатҳои русигароиву тоҷикиситези Шӯравӣ дар авҷ буд, муҳити тоҷиконаву фарҳангу адаби миллӣ маҳз дар Кӯлоб бештар аз ҳар макони дигари Тоҷикистон танин меандохт. Имрӯз забону фарҳанг ва рӯҳияи тоҷикӣ дар водии Вахш комилан истиқрор ёфта, ки он реша дар тарҳу нақшаи миллии Бобоҷон Ғафуров ва таҳаввулоти солҳои 40-60-и асри гузашта дорад. Зеро водии Вахши нообод аз ҳузури мақдами кӯчиёни кӯҳсори Рашту кӯҳистониёни Хатлон бо ҳусну малоҳати миллии мо ба ободӣ расид.
Ҳамин тадбир ба бахши шимоли кишвар – водии гуногунқавми Фарғона низ тааллуқ дошт, ки мебоист як халои азими хуфта дар дашти Дилварзин низ рӯйпӯш мешуд ва бо ин ҳадаф, тибқи тарроҳии Бобоҷон Ғафуров аз саргаҳи Зарафшон, аз Масчои пурнуфуси камзамин бояд мардумон ба Дилварзин кӯчонида мешуданд, то ин ҷо низ аз нуқтаҳои муҳимми маъмурии иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон гардад. Соли 1956 татбиқи ин тадбир ҷараён гирифт.

Шоҳидону муҳаққиқони таърихи муҳоҷират (чунончи професор Рақиб Абулҳаев) аз қавли Бобоҷон Ғафуров навиштаанд, ки зарурати дар марз бо ҷамоҳири ҳамсоя маскан додани тоҷикони кӯҳистонӣ ва қаробати ҳар чӣ бештари онон ба шаҳрҳову зиндагии шаҳрӣ аз сабабҳои аслии муҳоҷир шудани онҳо будааст. Ҳамин тавр, дар водии Дилварзин, дар иҳотаи Хуҷанду Тошканду Фарғонаю Бодканд қаламрави сарсабзе аз Тоҷикистон ба нашву наво расид, ки аҳаммияти иқтисодию иҷтимоии онро акнун ба хубӣ дарк мекунем.
Бобоҷон Ғафуров дар радифи ин пайкорҳои сиёсӣ ва корбарӣ дар умури давлатӣ, мудом дар муҳити илмӣ қарор дошт ва аз омӯзишу пажӯҳишу таълиф даст намекашид. Аз ҷумла, рисолаи машҳураш – «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро маҳз дар ҳамин давра навишт, ки яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи миллии тоҷикон аст.
То ин дам агар саҳифаҳои таърихи мо аз ҷониби муҳаққиқони рус таҳқиқ шавад ҳам, он ҳамчун таърихи минтақа омӯхта мешуд. Ғафуров дар ин баррасӣ таърихи тамоми Хуросону Мовароуннаҳр ва бахше аз Эрони имрӯзаро ба қадимтарин мардумони ин қаламрав – тоҷикон ихтисос дод.

Ӯ мисле яхҳоро мешикофту аз умқи дарё ҳуққаи гавҳареро менамоёнд, ки аз ҳақиқати кораш иддае аз каҷбинони ҳамсоя ба тоҷикон норизоёна меошуфтанд. Ҳатто баъзе муаррихони мутаассиб то кунун такрор мекунанд, ки «Ғафуров ҳамаи таърихи минтақаро ба тоҷикон бахшид». Дар ҳоле ки он айём хурдтарин кӯшиши сиёсати миллиро пеш бурдан паёмадҳои ногувор дошт. Ин асар зуд китоби рӯйи мизии рӯшанфикрон гашта, дар худогоҳии миллӣ хидмати арзанда кард. Дар авҷи сиёсати русисозӣ ва бехкан кардани забону суннатҳои миллӣ ин хидмати бузург буд, ки Ғафуров барои тоҷикон адо кард.

Дар бузургтарин маркази
ховаршиносии ҷаҳон

Никита Хрушев (аз чап) ва Бобоҷон Ғафуров (дар байн аз рост)
Соли 1956 Бобоҷон Ғафуров директори Институти Ховаршиносии Академияи Улуми ИҶШС таъин гардид. Тавре маълум аст, роҳбари Шӯравӣ Никита Хрушев дар рӯзҳои охирини анҷумани бистуми ҳизб аъмоли «доҳии халқҳо» ва «падари маънавии инсоният» Сталинро қотеъона маҳкум карда, фазои хафақон ва тарсу бим дар Шӯравиро як андоза аз байн бурд. Иқдоми дигари ӯ дур кардани роҳбарони хатти сталинӣ буд, ки маршал Жукови овозадор ва дигарон намунаи он буданд.
Бобоҷон Ғафуров низ дар анҷумани бистум суханронӣ карда, аз «доҳӣ» ёдовар гашта буд. Аз ин рӯ, интихоби вай ба вазифаи «муҳим» дар марказ дар воқеъ канор задани ӯ ба шумор мерафт. Дар аксе, ки Ғафуров дар он бо гурӯҳе аз ҳамкорону шогирдон ҳангоми ба Маскав рафтан дида мешавад, осори ҳузну андӯҳ дар чеҳрааш бармало мушоҳида мегардад. Яъне ӯ дар ҷумҳурӣ нақшаву ниятҳои бузургтаре дошт, ки амалӣ кардани онон муяссараш нашуд.

Аммо дар пайванд ба Маскав кашидани Бобоҷон Ғафуров ногузир ёдоварии ин нукта пеш меояд, ки замони роҳбари аввали ҷумҳурӣ будани ӯ, дар Тоҷикистон авҷи равнақи мактабу маориф шумурда мешавад. Бузургтарин донишмандону шахсиятҳое, ки пас аз он шуҳрати берун аз Тоҷикистонро низ дарёфтанду то имрӯз муттакои илму дониши моянд, парвардаи даргоҳи маърифати замони Ғафуровиянд. Зеро ӯ (ва ҳар сиёсатмадори барҷаста) медонист, ки рози бақои номи накӯяш аз ду шоха об хоҳад хӯрд – таъмини осоишу рифоҳи мардум ва тарвиҷи илму адабу маориф, ки метавон даҳҳо намуна дар ин замина овард.

Яке аз шогирдону ҳамкорони устод, сиёсатмадори тавоно Назаршо Додхудоев дар хотироти хеш навиштааст, ки Ғафуров қабл аз сафар ба Маскав ҳамкоронро дар гирди хоне фаро хонду насиҳат кард, ки Тоҷикистонро чун гавҳари чашмони худ ҳифз кунанд ва танҳо афроди фидокорро ба кор гуморанду барои рифоҳу шукуфоии ёру диёр аз ҳеч чиз дареғ наварзанд.
Ғафуров беш аз 20 сол, яъне то поёни умри худ, дар вазифаи раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Шӯравӣ адои хидмат кард. Роҳбарии яке аз бузургтарин марказҳои ховаршиносии ҷаҳон кори осон набуд. Дар ин муддат бо ибтикори ӯ муҳимтарии намунаҳои адабиёти форсӣ, аз ҷумла, асарҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Байҳақӣ, Саъдӣ, Амир Хусрав, Низомӣ ва Ҷомӣ ба забони русӣ мунташир гардид, силсилае аз осори классикии мо (аз Фирдавсӣ, Саъдӣ, Амир Хусрав...) дар Маскав бо хатти форсӣ ба зевари чоп кашида шуданд. Садҳо ҳамватани мо аз ҳимояти моддиву маънавии ӯ баҳраманд гашта, рисолаҳои илмии худро дар шаҳрҳои Маскав ва Ленинград дифоъ карда, соҳиби унвонҳои илмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо Ғафуровро устоди худ меҳисобанд.

Иртиботи устод Бобоҷон Ғафуров бо Тоҷикистон ва хусусан ниҳодҳои илмиву омӯзгории он ҳамеша барқарор буд, чун дили ӯ ҳар он ба ёди Ватан метапид. Ғафуров дастур дода буд, ки ҳар китобу маҷалла ё наворе, ки аз хориҷ ба китобхонаҳои Пажӯҳишгоҳ мерасид, нусхаеро ба Душанбе мефиристоданд. Ӯ бинои имрӯзаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо нияти таъсиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта буд.

Олимони кишварҳои Осиёи Миёна низ борҳо аз Бобоҷон Ғафуров бо некӣ ёдовар шуда, хидматҳои ӯро ситудаанд. Як профессори туркман бароям нақл кард, ки муддатҳо дар долонҳои академияи улуми Шӯравӣ сарсону саргардон будам ва рисолаи номзадиям ба дифоъ роҳ намеёфт. Боре Ғафуров дар даҳлези Пажӯҳишгоҳ маро диду пурсид, ки ин ҷо чӣ мекунам. Аз саргардониҳоям нақл кардам. Ӯ ҳамон замон ноиби худро даъват карду вазифадор сохт, ки мушкили маро давоми ҳамин ҳафта ҳаллу фасл кунад. Ҳамин тавр ман ба ҳимоя роҳ ёфтам. Вақте ки соли оянда барои изҳори сипос кардан ба ҳузури Ғафуров роҳ ёфтам, ноиби худро наздаш хонду супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар масъалаи мавзӯи доктории маро ҳал кунад. Ҳамин тавр мани танҳову бекас дар Маскав ҳамчун «ҷияни» Ғафуров шинохта шуда, доктори илм ҳам шудам.

Шоҳасари «Тоҷикон»

Китоби мондагору ҷовидонаи «Тоҷикон», ки онро метавон Шоҳномае пас аз ҳазор сол номид, дар овони раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравӣ будани Бобоҷон Ғафуров таълиф ва чоп шуд. Ин китоб дар замоне ба нашр расид, ки сиёсати Кремлин дар зудудани забонҳои миллӣ авҷ гирифта, ҳукумати Шӯро дар андешаи сохтани «миллати воҳиди шӯравӣ» буд. Он рӯзгорон дар таърихнигории Ғарб масъалаи миллӣ ва раванди русигардонии Шӯравиро ба боди истеҳзо кашида, бо тамасхур менавиштанд, ки пас аз 30 сол дар мамолики зери нуфузи коммунистҳо нишоне аз забону фарҳанги миллӣ боқӣ намемонад. Ғафуров дар чунин шароит бо такя бар манобеи муътамади юнонӣ, румӣ, арманӣ, чинӣ, ҳиндӣ, арабӣ, порсӣ ва осори донишмандони шаҳири олам сарнавишти тоҷиконро ба забони русӣ, ки забони аввали кишварҳои блоки шарқ буд, таълиф кард, то мардумони саросари Шӯравиро бо гузаштаи тоҷикон ошно созад.

Низоми таърихнигории Шӯравӣ аз муаррихони ин кишвар тақозо мекард, ки ҳар ҷумҳурӣ мебояд дар маҳдудаи қаламрави он таърихи худро бигунҷонад ва таърихи ҳар кишвар бо номи он ҷумҳурӣ омӯхта шавад. Ҳамин тавр, қазоқҳо «Таърихи Қазоқистон», ӯзбекҳо «Таърихи Ӯзбекистон», туркманҳо «Таърихи Туркманистон»-ро таҳқиқ мекарданд ва бо ҳамин ном китоб менавиштанд.
Академик Ғафуров бар хилофи ин дастур, таҳқиқи таърихи тоҷиконро аз паҳнои Ориёно оғоз карда, минбаъд онро дар маҳдудаи Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва шимоли Ҳиндустони дунбол кард. Паёми академики тоҷик ба мардуми ҷаҳон ин буд, ки қаламрави таъриху тамаддуни тоҷикон фаротар аз марзи Тоҷикистони Шӯравӣ ва Мовароуннаҳр буда, нуфузи тоҷикон дар хориҷ аз марзҳои Шӯравӣ бештар аз он аст, ки шумо меангоред. Бобоҷон Ғафуров дар ҳеч ҷое аз ин шоҳкори худ аз ҳадди инсоф нагузашт ва ба ҳарими фарҳангу забони қавме таарруз накард. Унвони ин китоби ғурурофар ҳамроҳ бо ифтихору иззат буда, сарзамини ниёгони моро гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ номид ва тоҷикон ба унвони куҳантарин мардуми ҷаҳон эътироф шуданд.
То он дам ҳеч қавми дигар бо чунин ҷасорат таърихномае наофарида буд. Ӯ дар сатҳи Шӯравӣ таъриху тамаддуни тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, вале дар дохили ҷумҳурӣ рӯзномаҳои расмии кишвар – «Тоҷикистони Советӣ» ва «Комсомоли Тоҷикистон» тақризи як профессори тоҷик ба ин китобро нашр намекарданд.
Бобоҷон Ғафуров бо аҳли оила
Соли 1972 китоби «Тоҷикон»-ро бузургтарин интишороти Иттиҳоди Шӯравӣ «Наука» нашр кард ва он дар кӯтоҳтарин муҳлат китоби нодиру ноёб шуд. Дар миёни рӯшанфикрони тоҷик наҳзати миллӣ падид омад, ки яке аз заминаҳои истиқлоли сиёсии кишвар гардид. Ин китоб ифтихори миллиро дар қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ дубора шуълавар сохту тоқдони ҷашми миллат ҷойи он шуд. «Тоҷикон» ба забонҳои чинӣ, лаҳистонӣ, ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардида, дар Кобул ва Теҳрон низ мунташир шуд. Агар таърихи назҳати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар кишвар марҳилабандӣ гардад, бешак, яке аз ин давраҳо бо номи Ғафуров ва китоби «Тоҷикон» ихтисос хоҳад ёфт.

Накӯном намирад ҳаргиз

Чаҳор нуктаи дигарро дар хатми ин калом бояд тазаккур дод:
  • 1
    Бобоҷон Ғафуров дар 10 соли роҳбарӣ ва он ҳам дар замони баъд аз ҷанги ҷаҳонӣ ва холӣ будани хазинаи давлат хидмате кард, ки роҳбарони дигар, аз ҷумла, Ҷаббор Расулов дар 20 сол натавонист онро ба анҷом расонад. Яъне агар қасд хидмат кардан ба мардуму меҳан бошад, ниёзе ба ҳукумати тӯлонӣ бо қудрати тамом нест. Ӯ як роҳбари дастнигар ва фармонбардори Маскав буд, вале дар ин муддати кӯтоҳ пояҳои давлатдории ояндаи миллиро устувор сохт ва зербинои кохи илму фарҳанги тоҷикро поягузорӣ кард.

    Конфутсий дуним ҳазор сол пеш фармуда: «Ҳатто инсони ҷоҳталаб ҳам агар худро назди мардум масъул донад ва ҳангоми хатар қодир ба қурбонӣ буда, ба савганди додааш содиқ монад, чунин шахсро метавон комил номид». Ин ҳакими чинӣ дар мавриди дигар эҳтиром гузоштан ба ойину русуми миллӣ ва суннатҳои мардумиро яке аз аркони сарварӣ дониста, яксон дӯст доштани гӯшаву канори кишвар ва ба як чашм нигаристан ба мардумони онро аз вижагиҳои як роҳбари фидокор меҳисобад.

    Ғафуров чун аз марзи Шӯравӣ берун мешуд, тоқии тоҷикиро ба сар мегузошт ва ба решаву асолати тоҷикии худ меболид. Агар дар солҳои сиюм вобаста ба тақозои замон сиёсати динзудоии коммунистонро тавҷеҳ кунад, дар охири умр бо иҷрои маносики ҳаҷ дар Маккаи Шариф пойбандияш ба ойини ҳазорсолаи ҳаммиллатонро таъкид мекард.
  • 2
    Имтиёзи дигари Бобоҷон Ғафуров он аст, ки дар 10 соли роҳбари аввали ҷумҳурӣ будан, номи ӯ ва ҳукуматаш аслан бо фасод олуда нашуд. Ин имтиёз ва некномӣ дар замони Шӯравӣ ҳам ба камтар касон муяссар мегардид, зеро дар дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ҳамзамон бо ӯ касоне сарварӣ мекарданд, ки ба ҷурми густариши фасоду ришва канор зада шуданд.

    Ёвари Бобоҷон Ғафуров қисса мекунад, ки се моҳ пас аз он ки устод корро дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз кард, вайро дар сафар ба Душанбе ҳамроҳӣ кардааст. Вақте Ғафуров мехост утоқи корияшро таҳвил диҳад, ҳама мунтазири он буданд, ки дар сейфи ӯ чӣ қадар маблағ мавҷуд аст. Чун дар давоми чанд моҳи аз кор рафтанаш чоплусоне даврони ҳукумати ӯро наҳ мезаданду дар назди роҳбари нав сиёҳ мекарданд. Вақте сейф кушода шуд, диданд, ки аз дохили он Ғафуров акси модараш Розия Озод ва билети ҳизбияшро берун овард. Дар сейф чизи дигар набуд. Ёвари Ғафуров нақл мекунад, ки бо дидани акси модар ва иштиёқи нафароне, ки то дирӯз вайро хушомад мезаданду дар се моҳ ҳар чӣ тавонистанд, сиёҳаш карданд, ашк дар чашмони Бобоҷон ҳалқа зад. Чизе нагуфт ва калиду аснодро супурду мустақим ба фурудгоҳ омад.

    Он гурӯҳе, ки раҳиданд аз вуҷуд,
    Чархи Меҳру Моҳашон орад суҷуд.
    Ҳар кӣ мурд андар тани ӯ нафси габр,
    Мар варо саҷда барад хуршеду абр!
  • 3
    Нуктаи савум он аст, ки Бобоҷон Ғафуров зиёӣ ва донишманд буда, на дар вақти роҳбарӣ ва ё дар замони зиндагӣ, балки пас аз даргузаштан маҳбубияти бештар касб кард. Маҳбубияте, ки Ғафуров бо гузаштани чилу анд соле аз вафоташ дар Тоҷикистон ба даст оварда, ба маротиб бештар аз он чизест, ки ӯ дар замони роҳбари аввал буданаш дошта. Агар соли 1977 вайро танҳо равшанфикрону донишмандони кишвар шиносанд, имрӯз Ғафуровро хурду бузурги миллат мешиносанд, ӯро арҷ мегузоранду бо корномааш меболанд.
  • 4
    Бобоҷон Ғафуров 20 сол дар Москав зист, дар он ҷо низ барои тоҷикон хидматҳои шоиста кард, як лаҳза бе ёди Ватан ба сар набурд. Шодравон Муҳаммад Осимӣ, ки аз ҳамнишинони ӯ буд, замоне дар Донишгоҳи миллӣ ба мо – донишҷӯён дарс мегуфт ва борҳо аз Бобоҷон Ғафуров ва корномаи рангинаш ҳикоят мекард. Ба эътирофи ин донишманд, чун Ғафуров марги худро эҳсос кард, ба Душанбе омад ва охирин нафасҳои худро низ дар канори Ватан ва пайвандону шогирдон сипарӣ кард.

    12-уми июли соли 1977 қалби нозанини Бобоҷон Ғафуров аз тапидан бозмонд. Вайро дар канори устодаш Садриддин Айнӣ ба хок супурданд ва шаш сол қабл пайкари поки ӯро ба оромгоҳи Лучоб интиқол доданд. Беш аз 40 сол аст, ки мазори ӯ зиёратгоҳи аҳрори ҷаҳон аст.

    Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
    Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.


    Рӯзгору осори афроде чун Бобоҷон Ғафуров, ки пур аз фидокориву қаҳрамонист, метавонад чун намуна барои сиёсатмадорону донишмандон ва насли ҷавон хидмат кунад. Роҳи паймудаи ӯ дар сиёсату илму фарҳангу маориф улгуи воқеии як роҳбари накӯном ва маҳбуб аст.
  • Сайфуллоҳи Муллоҷон
    Доктори илмҳои таърих,
    махсус барои ASIA-Plus
    Аксҳо аз бойгонии муаллиф